Ба гузориши агентӣи хабарӣи «Абна» ба нақл аз Алҷазира, пойгоҳи хабарӣи «Уол Стрит Ҷорнал» дар гузорише фош кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, дар як чархиши ошкоро ва бо нодида гирифтани даъвоҳои пешини худ, мувофиқати ниҳоии худро бо қарордоди калон ва дарозмуддати ҳастаӣ бо Арабистони Саудӣ эълом кардааст.
Бар асоси ин гузориш, ин тавофуқи 30-сола, ки маблағҳои ситоравии даҳҳо миллиард долларро ба ҷайби ширкатҳои пудратчии амрикоӣ мерезад, амалан Риёзро ба клуби кишварҳои дорои қобилияти «ғанисозии уран» наздик хоҳад кард.
Дар ин гузориш омадааст, ки «Крис Райт», вазири энержии Амрико ва «Абдулазиз бин Салмон», вазири энержии Саудӣ, маъмур шудаанд, ки санади ин тавофуқро, ки амалан «ҳастаии ғайринизомӣ»-ро пӯшише барои рушди технологияҳои ҳассос қарор додааст, ба имзо бирасонанд.
Вашингтон даъво дорад, ки ин назорат роҳро ба истифодаи низомӣ мебандад, аммо коршиносони масъалаҳои стратегӣ бар ин боваранд, ки ин амал, гаме дигар дар роҳи «бетартибии ҳастаӣ» дар Ғарби Осиё ва талоше барои муқобилат бо қудрати дифоии Эрон аст.
Your Comment